Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ бар асари инфиҷор 60 нафар кушта шуд


Бар асари инфиҷоре, ки рӯзи якшанбеи 6 март дар ҷануби шаҳри Бағдод рух дод, дастикам 60 анфар кушта шуда ва беш аз 70 нафари дигар захм бардоштаанд. 23 кушташударо кормандони полис ва амниятӣ ташкил додаанд.

Инфиҷор дар як мошини боркаш тавассути марди худкуш рух додааст. Масъулияти ин амали террористиро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтааст.

Рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ низ дар ноҳияи шиъанишини Бағдод ду инфиҷоре рух джода буд, ки бар асраи онҳо 78 нафар ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG