Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон барои поксозии манотиқи марзии ин кишвар бо Афғонистон аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳ талош мекунанд.

Бино ба иттилои Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳоло тирпарониҳо дар манотиқи марзӣ пурра қатъ шуда ва танҳо амалиёти ҷустуҷӯии ин гурӯҳи мусаллаҳ идома доштааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонӣ рӯзи душанбеи 7 март ба Радиои Озодӣ гуфт, "Амалиёт алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи афғон, ки субҳи 5 март аз марзи Тоҷикистон убур карда буд, субҳи имрӯз идома дошт. Сарҳадбонони тоҷик ҷангалзорҳои ҷазираҳои хурдро дар дарёи Панҷ поксозӣ мекунанд. То ҳол аз ин гурӯҳ як нафар бо номи Фасҳиддин валади Қурбон нобуд шуда, ду ё се нафари дигари аъзои гурӯҳ дастгир шудаанд".

Ӯ гуфт: “Ҳоло марз пурра зери назорат қарор дошта, азназаргузаронӣ ва тозакунии ҷазираҳо давом оғоз шудааст. Дигар ягон задухӯрд ба қайд гирифта нашуд. Мувофиқи реҷаи рӯз сарҳадбонон кори худро пеш мебаранд. Тахмин меравад, ин гурӯҳҳо дар ҳамон ҷазирачаҳои Панҷ пинҳон шудаанд.”

Файзалӣ Наҷмиддинов, омӯзгори як деҳаи наздимарзии ноҳияи Панҷ гуфт, воқеан, рӯзи 5-ум ва 6-уми март чархболҳо дар марз парвоз доштанд ва садои тирпаронӣ гоҳ-гоҳ шунида мешуд. Ӯ гуфт, ҳарчанд, ҳоло садои тир ба гӯш намерасад, вале мардум каме аз вазъ нигарон шудаанд: “Як сарҳадбони бечораро куштанд. Сахт зиқ шудем. Мардум камтар тарсон шуд, ки чӣ гап шуда бошад”.

Исмон Ҷумъаев, раиси ҷамоати Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ, ки задухӯрди рӯзи 5-уми март дар ҳамон ҷо сурат гирифта буд, мегӯяд, ҳама ҷо оромист ва онҳо ҳатто иҷоза доранд, ки дар наздикиҳои марз ниҳолнишонӣ кунанд.

-Дар ҳама ҷо ниҳолшинонӣ ва кишту кор меравад. Мардум ҳеҷ ҷои тарс надоранд, зеро ба қувваю қудрати марзбонон бовар доранд. Мо бовар дорем, ки ин хел марзшиканҳоро марзбонони мо зада мегардонанд. Дар миёни мардум ягон тару ларз нест,-гуфт ӯ.

Субҳи рӯзи 5-уми март дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ" миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 9-нафараи мусаллаҳ, ки аз тарафи Афғонистон марзро убур кардаанд, даргирӣ сурат гирифт.

Дар иттилоияи Сарраёсати марзбонӣ гуфта мешавад, ки "соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5-уми марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ошкор гардид. Ҳангоми амалиёт оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мазкур, аъзои даста мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд". Манбаъ мегӯяд, ки "дар ҳоли ҳозир амалиёт барои дастгирӣ ва безарар гардонидани ин гурӯҳи идома дорад."

Дар ҳамин ҳол, Амонуддин Қурайшӣ, вулусвол ё раиси ноҳияи Имом Cоҳиби Кундуз 6-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ марбут ба Толибон аст ва Мирафзал валади Арбоб, ки мақомоти тоҷик аз ӯ ба унвони раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи 9-нафара ном бурданд, аз қочоқбарони собиқ аст, ки ба ин гурӯҳ пайвастааст.

Амонyддин Қурайшӣ 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш карда буданд, то амалёти муштарак дар ҷазираҳои миёни рӯдхонаи Панҷ анҷом бидиҳанд, аммо ба ин дархост кишвари ҳамсоя ҳеҷ посухе надодааст.

Ӯ гуфт: “Тоҷикистон дар нисбати Толибон аз мадоро кор гирифта буд. Вақте мо ин ҷо амалиёт анҷом медодем ва онҳо аз дарё гузашта, дар ҷангалзорҳои миёни марз пинҳон мешуданд, бародарони тоҷики мо ҳеҷ амалиёте алайҳи онҳо анҷом намедоданд. Инҳо дар он ҷо омодагӣ медиданд ва боз сари мо ҳамла мекарданд. Мо борҳо дархост карда будем, ки биёед ҳамроҳ сари инҳо ҳамла кунем, вале тоҷикон ҳеҷ иқдоме нишон намедоданд”.

Ҷаноби Қурайшӣ гуфт, марзи Имом Соҳиб бо Тоҷикистон комилан таҳти назорати Толибон қарор дорад ва амалан сарҳад дар ихтиёри ин гурӯҳ аст.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1,5 ҳазор километр хати марз дорад. Бархе аз вулусволиҳои Афғонистон, ки дар хати марз бо Тоҷикистон қарор доранд, таҳти идораи гурӯҳҳои тундгаро даромадааст. Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки вазъиятро аз наздик дунбол мекунанд ва ҳамеша барои посух гуфтан ба марзшикании гурӯҳҳои ифротӣ, омода ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG