Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Туркманистон ришвахоронро сарзаниш кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон шикоят кард, ки дар бахшҳои нафту гази ин кишвар ришвахорӣ вуҷуд дорад. Вай дар ин бора ба таври ошкоро ва ғайричашмдошт аз телевизион чунин изҳор дошт.

Бердимуҳаммадов 4 март дар суханони худ дар ҷаласаи кобинаи вазирон чанд намуна овард ва суханони вай рӯзи баъд аз телевизиони миллӣ пахш шуд.

Вай аз Боймурат Хуҷамуҳаммадов-муовини пешини нахуствазир дар бахши нафту газ ном буд, ки моҳи ноябр ба сабаби гӯё вазъи саломатӣ аз мақомаш барканор шуд.

Раиси ҷумҳур гуфт, ки Хуҷамуҳаммадов 1,5 миллион доллар ришваи ситонидаи худро баргардонидааст.

Туркманистон ҳоло яке аз бузургтарин кишварҳои дорои захоири зиёди гази табиӣ мебошад ва ин кишварро ҳукумати худкома раҳбарӣ мекунад ва намегузорад, ки дар он нируҳои мухолифи сиёсӣ фаъолият кунанд.

XS
SM
MD
LG