Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Чеченистон аз баргузории ҳамоиши 6 март дар шаҳри Грозний ба ҷонибдорӣ аз Рамазон Қодиров даст кашиданд. Пеш аз ин донишҷӯёнро муваззаф карда буданд, ки дар ин ҳамоиш ширкат варзанд ва ба кормандони бахши маориф вазифа дода буданд, ки онҳо бояд ба ҷонибдорӣ аз Қодиров шиору овезаҳоро бо аксҳои раҳбари Чеченистон омода кунанд.

Дар ин бора намояндагони муассисаҳои маориф ба торнамои «Кавказский узел» хабар додаанд. Пештар хабар дода буданд, ки ба ҷонибдорӣ аз раҳбари Чеченистон бояд 28 феврал ҳамоиш баргузор мегардид, вале онро ба 6 март гузаронданд. Акнун мақомот мегӯянд, ки барои 6 март ҳамоише ба нақша гирифта нашудааст.

Худи Қодиров, ки давраи дуввуми раёсаташ 5 апрел ба поён мерасад, даъват кардааст, ки барои ҳимоят аз вай ҳамоиш баргузор накунанд. Пеш аз ин ҳам вай изҳор дошта буд, ки дигар намехоҳад раҳбарии ин ҷумҳуриро бар уҳда бигирад.

Ҳамзамон сарчашмаҳои наздик ба мақомот мегӯянд, ки Қодиров аввал иҷрокунандаи раҳбари Чеченистон таин мешавад ва сипас дар интихобот ғалаба мекунад ва бори севвум раёсати ҷумҳуриро бар душ мегирад.

XS
SM
MD
LG