Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти тоҷирони афғон аз мушкили дарёфти визаи Тоҷикистон


Шуморе аз тоҷирон афғон дар Кундуз мегӯянд, ки баста шудани консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр, ба сатҳи тиҷорати миёни Кобул ва Душанбе латма задааст

Иддае аз тоҷирон афғон дар вилояти Кундуз мегӯянд, ки баста шудани консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр дар моҳи январи соли ҷорӣ, ба сатҳи тиҷорати миёни Кобул ва Душанбе латма задааст.

Онҳо пешниҳод кардаанд, барои ҳалли ин мушкил ба таври муваққат онсулгарии Тоҷикистон дар минтақи Шерхон Бандар, дар наздики марзи Тоҷикистон, ки вазъи амниятиаш хуб аст, фаъол шавад.

Дар назар аст, дар тӯли рӯз посухи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин замина иброз шавад.

Дар пайи нооромиҳои дар шимоли Афғонистон дар нимаи аввали моҳи январи соли равон консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзободи вилояти Бадахшони ин кишвар ба таври муваққат баста шуд.

Дар иттилоияи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳадаф аз баста шудани ин намояндагиҳоро "ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Кундуз", рабт дода шудбуд.

Шуморе аз тоҷирони ин вилоят ҳоло мегӯянд, ки баста шудани намояндагии дипломатии Тоҷикистон онҳоро дар гирифтани виза ба мушкилот дучор кардааст ва муомилаҳои тиҷоратиашон бо ҷониби Тоҷикистон дар нимароҳ мондааст.

Онҳо аз ҳукумати марказии Афғонистон ва масъулони маҳаллӣ дар вилояти Кундуз тақозо кардаанд, ки дар мавриди гирифтани виза ва ҳамчунон дубора боз кардани консулгарии Тоҷикистон, бо мақомоти Душанбе сӯҳбат кунанд. Аҳмад Фаҳим Раҳимӣ, ба намояндагӣ аз шуморе аз тоҷирон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "молу колои тоҷирон ба Тоҷикистон расидааст ва ба ихтиёри худ фурӯхта наметавонанд ва маҷбур ҳастанд ба тоҷири тоҷик занг бизананд. Мо аз ҳукумат тақозо дорем, ки бо ҳукумати Тоҷикистон гуфтугӯ кунад то консулгарии худро дар шаҳри Кундуз ва ё дар Бандари Шерхон боз намояд, то мушкили гирифтани виза барои тоҷирони афғон ҳал шавад."

Дар ҳамин ҳол, Масъуд Ваҳдат, мудири содироти Утоқи тиҷорат ва саноати Афғонистон дар вилояти Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, бо баста шудани консулгарии Тоҷикистон барои тоҷирони афғон дар самти фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва дарёфти визаи Тоҷикистон мушкилоти хеле зиёде ба вуҷуд омадааст.

"Аз замоне, ки консулгарии Тоҷикистон баста шуд, тамоми фаъолиятҳои тиҷоратӣ мутаваққиф шуда ва ҳамин ҳоло даҳҳо мавориди боқӣ мондани пули тоҷирони афғон дар дасти тоҷирони тоҷик сабт шудааст.Тоҷирони тоҷик пули афғонҳоро равон намекунанд ва тоҷирони мо ба мушкили ҷиддии дарёфти виза дучор шудаанд ва пули худро ба даст оварда наметавонанд".

Шаҳобуддин Бовар, раиси гумруки Шерхон Бандари вилояти Кундуз низ мегӯяд, ки мушкилоти тоҷирони афғонро бо масъулони консулгарии Тоҷикситон матраҳ кардааства онҳо барояш тааҳҳуд додаанд, ки ба зудӣ мушкилоти дарёфти виза барои тоҷирони афғон ҳал хоҳад шуд.

"Ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, барои муваққат то беҳтар шудани вазъи амниятӣ дар шаҳри Кундуз консулгарии ТИоҷикитсон дар Шерхон Бандар фаъол шавад".

Зимнан, дар зарфи чанд моҳи ахир бар асари ноамниҳо Тоҷикистон консулгариҳои худро дар вилоятҳои Кундуз ва Бадахшон бастааст ва ин амр тоҷирони афғонро ба мушкили ҷиддии дарёфти визаи Тоҷикистон мувоҷеҳ кардааст.

Ба дунболи ҳодисаи суқути Кундуз дар моҳи сентябри соли гузашта, гузаргоҳи Шерхон Бандари он вилоят бо Панҷи Поён баста шуд. Гузаргоҳи Панҷи Поён, ки вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз мепайвандад, танҳо баъд аз як ҳафтаи басташавӣ боз шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG