Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба Ҳинд ҳайати амниятӣ мефиристад


Покистон мегӯяд, ки пеш аз фиристодани дастаи миллии крикети худ ба Ҳиндустон барои ширкат дар мусобиқоти 20 ҷаҳонӣ ба он ҷо як ҳайати худро равон мекунад, то онҳо масъалаҳои амниятиро баррасӣ намоянд.

Чоудри Нисор Алихон-вазири корҳои дохилаи Покистон гуфт, ки як ҳайати сенафарӣ 7 март ба Покистон меравад, то амнияти меҳмонсароҳо, роҳҳо ва майдонҳои бозии крикетро бисанҷад.

Агар натиҷаҳои мусбат ба даст ояд, дар он сурат дастаи миллии крикети Покистон ҳафтаи дигараш ба Ҳиндустон меравад.

Покистон дар ҳоле ба тадбирҳои амниятӣ таваҷҷуҳ пайдо кардааст, ки вазири аёлати шимолии Ҳамичал Прадеши Ҳиндустон гуфтааст, ки онҳо наметавонанд амнияти дастаи Покистонро таъмин кунанд.

Ба сабаби муносибатҳои сарди дипломатӣ дастаҳои миллии крикети Ҳиндустону Покистон се сол натавонистаанд бо ҳам бозӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG