Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп ва Клинтон пешсафи муборизаҳои интихоботӣ


Доналд Трамп ва Ҳилларӣ Клинтон-номзадҳои пешсафи раёсати ҷумҳурии Амрико аз ҳизбҳои Ҷумҳурихоҳ ва Демократ дар даври охири райдиҳиҳои ҳизбӣ мавқеи худро дар сафи пеш нигоҳ доштанд.

Трамп-миллиардери амрикоӣ дар райдиҳиҳои аёлати Лузиана ва Кентакӣ 5 март пируз шуд, вале Тед Круз-сенатори аёлати Техас иддао кардааст, ки дар аёлатҳои Мейн ва Канзас комёб шудааст. Ду нафари дигар аз довталабони мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ комёбии чандоне ба даст наовардаанд.

Дар рақобатҳои интихоботии миёни номзадҳои Ҳизби Демократ хонум Клинтон дар Лузиана ва Бернӣ Сандерс-сенатори Вермонт дар аёлатҳои Канзас ва Небраска пируз шудаанд.

Бештари коршиносон бар ин ақидаанд, ки аз демоктарҳо хонум Ҳилларӣ Клинтон барои интихоботи умумии 8 ноябри раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ мешавад.

Вале дар миёни ҷумҳурихоҳон ақидаҳо яксон нестанд ва насли калонсоли аъзои ин ҳизб бар зидди худхоҳиҳо ва бегонаситезии Трамп бархостаанд.

XS
SM
MD
LG