Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби рондани вакиле, ки занҳоро "куррахар" номид


Пас аз он ки вакили муҳофизакори Эрон Нодир Қозипур занонро ба маркаб ташбеҳ дод, талабҳои ихроҷиӯ аз порлумон садо медиҳанд.

"Парлумон - ҷои занҳо не, ҷои мардон аст", - мегӯяд вакил Нодир Қозипур дар як навори видеоие, ки дар Интернет нашр шуд. Дар ин навор Қозипур занҳоро ба "куррахар" баробар медонад.

Нодир Қозипури 57-солаҳафтаи гузашта дубора аз ҳавзаи шаҳри Урумия вакили порлумони Эрон интихоб шуд. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки дар интихоботи ахир шумори рекордии занҳо - то 20 нафар, мумкин аст вакили маҷлис шаванд.

Зуҳро Нажодбаҳром, роҳбари Шӯрои иттилоотии дафтари давлатӣ дар умури занҳо ва хонавода талаб кардааст, ки салоҳияти вакилии Нодир Қозипур бекор шавад. Ин талабро ҳазорон корбари шабакаҳои иҷтимоӣ пуштибонӣ карданд.

Дар шабакаи иҷтимоии Instagram Қозипур аз занҳои шаҳри Урумия узрхоҳӣ кард ва худро "ходиму сарбози" роҳбари руҳонии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ номид. Вай гуфт, "мухолифони низом" бо нашри ин навор "раъйи мардумро зери шубҳа қарор додаанд". Вай афзудааст, ки "дидгоҳаш"-ро дигар нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG