Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози нафткашон аз "фаромӯш шудан"-и мукофоти семоҳа


Коргарони ширкати Тechno Trading LTD, зерсохтори созмони “Мангистаумунайгаз”-и Қазоқистон талаб карданд, ки раҳбари аввали корхона барои “напардохтани мукофотпулии семоҳа” аз вазифааш барканор шавад.

Наздики 200 коргари ширкати Techno Trading LTD 4 март дар кони Жетибойи ноҳияи Мунайлини вилояти Мангистауи Қазоқистон гирдиҳам омада, талаб карданд, ки мукофотпулиҳои семоҳаи соли 2015 ба онҳо пардохт ва раҳбари ширкат Одил Ниёзов, ки ба коргарон фишор меоварад, аз вазифааш барканор шавад.

Ба гуфтаи муовини раҳбари иттиҳодияи коргарони ин ширкат Куан Сафарбоев, коргарон маҷбуранд даст ба эътироз зананд, чун вазъият дар корхона ҳамарӯза бадтар мешавад.

Ин нахустин иқдоми эътирозии коргарони ширкати Techno Trading LTD нест. Соли гузашта низ онҳо борҳо гирдиҳамоӣ карда, талабҳои иҷтимоӣ пеш гузоштанд. Дар соли гузашта баъд аз як эътирози навбатӣ шаш корманди ширкат аз кор ронда шуданд.

Бахши ширкати Techno Trading LTD дар вилояти Мангистау ба таъмири таҷҳизот дар конҳои Каламкас ва Жетибойи ширкати “Мангистаумунайгаз” машғул аст. Дар шаш коргоҳи он қариб 700 нафар кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG