Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мактабҳои Қирғизистон ба Интернет пайваст мешаванд


Намояндаи вазорати маорифи Қирғизистон Лира Самикбоева мегӯяд, ки ҳоло аз 2200 мактаби ин кишвар танҳо 401-тоаш соҳиби интернетнд.

Ба гуфтаи ин масъул, то соли 2017 интизор меравад 606 мактаби дигар бо Интернет таъмин шавад. Барои ин аз буҷаи кишвар 100 миллион сом (муодили 10 миллион сомонӣ) ҷудо шудааст. 1200 мактаби боқимонда то соли 2020 соҳиби Интернет хоҳанд шуд.

"Дар навоҳии дурдаст мисли Олой, Чаткала, Норин ҳатто алоқаи телефонӣ мавҷуд нест. Нахуст бояд ба он ҷо хатти телефон кашида шавад, ин тарҳ тадриҷан амалӣ хоҳад шуд", - гуфт Самикбоева.

Таъмин мактабҳо бо Интернет дар Қирғизистон дар доираи барномаи миллии "Мактаби ҳушманд" сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG