Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Туркия аз Эрон боздид мекунад


Аҳмад Довутуғлу

Аҳмад Довутуғлу

Аҳмад Довутуғлу-нахуствазири Туркия барои боздид вориди Теҳрон-пойтахти Эрон шуд. Дар ду соли охир ин аввалин боздиди мақоми баландпояи Тукркия аз Эрон мебошад.

Дар Теҳрон Довутуғлу баъд аз бардоштани таҳримҳои байналамиллалӣ бар зидди Эрон масъалаҳои тиҷоратиро баррасӣ мекунад.

Интизор меравад, ки Довутуғлу ҳамчунин бо Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон мулоқот ва ихтилофоти назари Анкара ва Теҳронро роҷеъ ба бӯҳрони Сурия ба баррасӣ бигиранд.

Эрон пайрави мазҳаби шиа аст ва аз Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ва раҳбарони дигари шиаи Сурия дифоъ мекунад. Вале Туркия ошкоро мухолифи режими Башор Асад мебошад ва аз мухолифони Башор Асад ҷонибдорӣ мекунад.

Туркия ҳамчунин бо кишвари суннимазҳаби Арабистони Саъудӣ наздик мебошад, кишваре ки муносибатҳои дипломатиашро бо Эрон қатъ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG