Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ қотилони Айлонро барои қочоқ маҳкум кард


Айлон Курдӣ
Айлон Курдӣ

Додгоҳи Туркия ду қочоқчии Сурияро барои марги Айлон Курдӣ ба 4 солу ду моҳ маҳкум ба зиндон кард. Ҷасади беҷони Айлон дар соҳили баҳр таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба бӯҳрони муҳоҷирон ҷалб карда буд.

Додгоҳи Бодрум ин ду нафарро барои қочоқи инсон маҳкум кард, вале иттиҳоми ғарқ кардани Айлон ва чаҳор нафари дигарро аз онҳо бардошт.

Акси ин кӯдаки курди Сурия, ки ҷасади вай рӯ ба замин дар соҳил мехобид, таваҷҷуҳро ба сарнавишти талхи муҳоҷирон кашонд. Ғолиб-бародари Айлон ва модараш Райҳон низ дар миёни қурбониён буданд. Коиқи онҳо дар обҳои баҳри Эге чаппа шуд. Моҳи сентябри соли гузашта онҳо мехостанд, ки худро аз Бодруми Туркия ба яке аз ҷазираҳои Юнон бирасонанд.

Мурофиаҳои додгоҳӣ маъмулан дар Туркия моҳҳо ва ҳатто солҳоро дар бар мегирад, то ҳукми худро эълон кунанд. Интизор меравад, ки 7 марти соли равон Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо бӯҳрони муҳоҷиратро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG