Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони давлати Тоҷикистон мегӯянд, он шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд, аз пайравони мазҳаби Имоми Аъзам шуморида намешаванд.

Иддае аз уламои исломӣ ва имом-хатибон пешниҳод карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ифротгарою террорист дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон шомил шудаанд, пайравони ғайри мазҳаби Имоми Аъзам эълон шаванд. Ин хабарро Зикрулло Саидзода, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 4 март дар намози ҷумъаи масҷиди марказии Душанбе эълон кард. Ба гуфтаи ҷаноби Саидзода, ҳамчунин, онҳое, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро чун Ҳизб-ут-Таҳрир, Салафия, Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шудаанд ва оромию суботи кишварро халалдор мекунанд, онҳо низ аз ҷумлаи пайравони Имоми Аъзам нестанд.

Ҷамолиддин Хомӯшов, раҳбари раёсати фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 4 март ба Радои Озодӣ гуфт, ки то ҳол Шӯрои уламои исломӣ ё раёсати фатво дар мавриди пайрави мазҳаби Абуҳанифа будан ё набудани касе ё гурӯҳе, фатво содир накардааст.

Ҷаноби Хомӯшов гуфт: “Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон интихоби мазҳаб дар кишвар ихтиёрӣ аст. Танҳо афроде, ки ба суфуфи созмону равияҳои мазҳабии ғайр шомил шуда, мардумро алайҳи мазҳаби Имоми Аъзам таҳрик ва вазъи ҷомеаро ноором мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Зеро мазҳаби расмии Тоҷикистон мазҳаби Имоми Аъзам буда ва мардум бар асоси аҳкоми ин мазҳаб ибодат мекунанд. Ҳар равияи дигаре, ки дар кишвар зуҳур карда ва мардум ба самти дигар таблиғ мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.

Ҳамзамон, раҳбари Раёсати фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон эътироф кард, ки ҳанӯз рӯшан нест чӣ ниҳоде ҳукм хоҳад кард, ки нафаре ё гурӯҳе пайрави Имоми Аъзам ҳастанд ё на. Ӯ ин масъаларо “хеле нозук, ҳассос ва печида” хонд ва гуфт, ки дар Шӯрои уламои исломӣ дар ин замина ҳеч тасмиме гирифта нашудааст.

Зимнан, дар мизи мудавваре бо номи “Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ”, ки рӯзи 2 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, рӯҳониёни саршинос чун Ҳусайн Мӯсозода, муовини раиси Маркази исломӣ дар вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Мирзо, Домулло Маҳмадулло ва Исмоил Пирмуҳаммадзода аз афзоиши тарғибу ташвиқи андешаю ақидаҳои бегонаю ифротӣ дар ҷомаи кишвар ва ҷалби ҷавонон ба даргириҳои Сурияю Ироқ ибрози нигаронӣ карданд.

Бино ба гузориши хабаргузории давлатӣ -- "Ховар", дар ин нишаст таъкид шудааст, “он нафароне, ки барои ҷиҳод ба Сурияву Ироқ мераванд, мусулмон нестанд, балки онҳо душмани мусулмонҳо ба ҳисоб рафта, танҳо барои қатлу куштори мардуми осоишта ва ғорати пулу мол мераванд”.

Ширкаткунандагони ҳамоиш аз мардуми Тоҷикистон даъват карданд, муттаҳид бошанд ва якҷоя бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегона мубориза бурда ва аз ин тариқ оромию суботро дар кишвар ҳифз кунанд.

Баҳсҳо сари ин мавзӯъ дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 3-юми март Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ гуфт, аксари ҷангиёни тоҷик, ки дар Сурия ва Ироқ қарор доранд, пайравони равияи Салафия мебошанд ва мазҳаби Имоми Аъзамро тарк кардаанд. Додситони кулл Тоҷикистон ҳамзамон гуфтааст, ки алорағми чораандешиҳо, раванди пайвастан ва гароиши ҷавонон дар Тоҷикистон ба ин равия, рӯ ба афзоиш аст.

Мазҳаби Имоми Аъзам шохае аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат дар дини ислом мебошад ва аксарияти мутлақи мусалмонони Тоҷикистон аз қарнҳо ба ин тараф аз ин мазҳаб пайравӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон ба ҷуз ҳанифия, ҳамчунин пайравони шохаи исмоилияи мазҳаби шиа зиндагӣ мекунанд, ки аксари онҳо сокинони Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд.

Аммо Салафия як шохаи мазҳаби ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби ваҳҳобия як ҷо ном мебаранд. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи салафия дар Тоҷикистон ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳое назири Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд.

Моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" эълон кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG