Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмакрасони ӯзбекӣ рақиби WhatsApp ва Viber мешавад


Барномасозони «Star Palete» аз Ӯзбекистон паёмакрасоне сохтаанд, ки Galagram ном дорад. Galagram бо замимаҳои мобилии маъруфи ҷаҳонӣ вориди рақобат хоҳад шуд, хабар медиҳад нашрияи интернетии Podrobno.uz бо такя ба оҷонсии моликияти зеҳнии Ӯзбекистон.

Ин замимаи ройгони мобилӣ имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, акс, садо, видео, баргузории видео-гуфтугӯи муштарак ва ҳамчунин баргузории бозиҳои онлайнӣ ва зангҳои воридотиву содиротии байналмилалиро фароҳам меорад. Galagram-ро ҳам дар телефонҳои мобилӣ ва ҳам дар компютер мешавад насб кард.

Ин хизматрасонӣ барои бозори ҷаҳонӣ пешбинӣ шуда, бо чандин забон (англисӣ, русӣ, ӯзбекӣ, чинӣ ва ғайра) дастрас аст. Корбарон тавассути рақами телефонашон метавонанд саҳифа кушоянд.

XS
SM
MD
LG