Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбоз барои дидани модари бемораш ба пойи худ тир зад


Сарбози қисми низомии №20636 дар шаҳри Балиқчии Қирғизистон барои ба дидори модари бемораш расидан, худро аз по захмӣ кард.

Дар ин бора ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ аз додситонии ҳарбии гарнизони Баликчӣ хабар доданд.

Ба иттилои додситонӣ, ин ҳодиса 2 март тақрибан соатҳои 19:30 дақиқа рух додааст. Сарбоз он соат навбатдор буд ва дар натиҷаи "беэҳтиётӣ бо силоҳ" ҷароҳат бардоштааст.

Сарбоз дар қисми низомӣ ёрии аввалини тиббӣ гирифтааст. Табибон мегӯянд, танҳо бофтаи мушакҳои сарбоз осеб дидааст. Дар ҳоли ҳозир сарбози захмӣ дар дармонгоҳи қисми низомист. Тафтиш аз рӯи ин ҳодиса шуруъ шудааст.

Ёдовар мешавем, 18 январ низ ду сарбози қисми низомии №20636 дар шаҳри Баликчии Қирғизистон бо захми тир бистарӣ шуданд. Яке аз ин сарбозон баъдан дар бемористон фавтид.

XS
SM
MD
LG