Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ЮНИСЕФ аз боздошти корманди собиқаш дар Эрон


Сандуқи кӯдакони СММ дирӯз аз вазъи саломатии корманди собиқи ЮНИСЕФ, ки дар Эрон зиндонӣ шудааст, нигаронӣ кард.

Боқир Намозӣ дар Эрон 22 феврал боздошт ва дар маҳбаси "Эвин" зиндонӣ шудааст. Писари ӯ Сиёмак низ аз моҳи октябр ба ин сӯ дар ин зиндони Теҳрон аст. Падару писар шаҳрвандии ИМА ва Эронро доранд.

Боқир Намозии 80-сола то замони ба нафақа баромаданаш дар соли 1996 раиси як вилоят дар Эрон ва намояндаи ЮНИСЕФ дар бархе аз кишварҳои африқоӣ буд. "Ҳамкорони пешин ва феълӣ дар ЮНИСЕФ аз вазъи саломатии Боқир хеле нигаронанд. Мо умедворем, ки вай дар зудтарин фурсат бо оила ва наздиконаш мепайвандад", - омадааст дар баёнияи ЮНИСЕФ.

Оилаи Боқир Намозӣ мегӯяд, ки шавҳараш аз дарди қалб ранҷ мекашад ва ба парастории зарурии тиббӣ ниёз дорад. То ҳол ба Боқир ва Сиёмак Намозӣ айбномае пешниҳод нашудааст. Ҷонибдорони Сиёмак Намозӣ мегӯянд, ки вай қурбони мухолифтаҳои сиёсӣ миёни усулгароён ва ҷонибдорони ислоҳот шудааст.

Интихоботи баргузоршудаи порлумонии ҳафтаи гузашта дар Эрон мавқеи ислоҳталабон ва мӯътадилон - ҷонибдорони президенти феълии Эрон Ҳасан Рӯҳониро тақвият додааст.

XS
SM
MD
LG