Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили парлумони Эрон занонро "куррахар" номид


Парлумони Эрон.

Парлумони Эрон.

Изҳороти Нодир Қозипур, як намояндаи шаҳри Урумия дар парлумони Эрон, ки занонро тавҳин кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътирозҳо ва вокунишҳоеро ба бор овард.

Изҳороти як намояндаи тозаинтихоби парлумони Эрон, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ занонро тавҳин карда ва навори суханронии ӯ ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, эътирозҳо ва вокунишҳоеро ба бор овардааст.

Нодир Қозипур дар суханонаш ба забони туркӣ аз ҷумла гуфтаааст, ки "мамлакатро ба осонӣ ба даст наовардаем, ки ҳар рӯбоҳ ва бачаи куррахарро бифиристем онҷо. Маҷлис (парлумон) ҷои куррахар нест!... Маҷлис ҷои занон нест, ҷои мардон аст. Бифиристед сарашон бало биёваранд то обрӯятон биравад!?

Дар ҳоле, ки Нодир Қозипур дар мусоҳиба бо рӯзномаи эронии "Қонун" ин изҳороташро рад кардааст, аммо ин рӯзнома менависад, ки навори изҳороти ин вакили парлумон мавҷуд аст ва он воқеӣ мебошад.

Гуфтаҳои ин намояндаи усулгаро бо интиқод ва эътирозҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуда ва корбарон аз намояндагони парлумон хостаанд, то ба эътиборномаи вакилии Нодир Қозипур раъйи мухолиф бидиҳанд.

Ба навиштаи рӯзномаи "Қонун", Маҳдӣ Қурайшӣ, имоми ҷумъаи Урумия ва Ҷамъияти занони Эрони исломӣ низ аз ин намояндаи Урумия дар парлумон, интиқод кардаанд.

Имоми ҷумъаи Урумия гуфтааст, ки "шикоят аз тарафи худам ва аз тарафи миллат дорам, аз касоне, ки худро номзад муаррифӣ карданд ва беадабӣ ва бетарбиятиро дар суханонашон ба як одат табдил додаанд. Ин ҷойгоҳ, ҷойгоҳи муқаддасе аст. Ин равиши худописандона ва дурусте нест. Ҳатто баъзе аз воқеиятҳо ҳаст, вале инсон набояд ба забон оварад. Тавҳин ва бетарбиятӣ шоистаи як ҷомеаи исломӣ нест."

Ҷамъияти занони инқилоби Эрон ҳам дар номае аз аз Шӯрои нигаҳбон ва раиси шаҳри Урумия хостааст, бинобар беҳурматӣ ба занон, салоҳияти Нодир Қозипурро лағв ва ботил кунанд.

Нодир Қозипур аз занони шаҳри Урумия узрхоҳӣ намудааст, аммо таъкид кардааст, ки мавзеашро иваз намекунад. Оқои Қозипур иддао кардааст, ки бархе аз "мухолифони низом" талош карданд, ки ӯ ба парлумон роҳ наёбад.

Нодир Қозипур дар парлумони гузаштаи Эрон намояндаи шаҳри Урумия буд ва дар интихоботи парлумонии ҳафтаи гузашта низ бо беш аз 160 ҳазор раъй, аз ҳама довталабон пеш афтод ва вориди парлумон шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG