Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аъзои Маҷлиси миллӣ 3 март бо тағйири номи шаш ноҳия дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам таъсиси ду шаҳраки нав дар шаҳри Хоруғ мувофиқат карданд. Бо қарори аъзои Маҷлиси милии Тоҷикистон, дар қаламрави маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ ду шаҳраки нав бо номҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис дода шуд. Ҳамчунин аъзои маҷлис пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Бадахшонро пазируфтанд, ки дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон деҳаи нав таъсис ва Раҳмонобод номгузорӣ шавад.

Ҳамчунин, бо қарори маҷлис, шаш ноҳия дар ҳудуди Тоҷикистон - Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир, Шӯрообод, Тавилдара ва Ҷиргатол табдили ном карданд. Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷиликул ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор ва Ҷиргатол ба Лахш иваз карда шуданд.

Чунин ба назар мерасад, ки номҳои мардумӣ ё қадимӣ ба ин минтақаҳо баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG