Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА ду зина поин шуд


Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии тозаи ФИФА ду зина поин рафт ва дар ҷойгоҳи 150-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар раддабандии тозаи ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 3 март, нашр шудааст, ду зина поин шуд ва дар байни 209 кишвар дар ҷойгоҳи 150-ум қарор гирифтааст. Мунтахаби Тоҷикистон 193 имтиёз дорад. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мисли пешин мақоми 26-умро касб кардааст.

Мунтахаби Белгия дар феҳристи нави ФИФА бо 1506 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1457 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Испания (1374 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар раддабандии ФИФА Русия (23-юм) ва Украина (27-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбакистон (74), Қирғизистон (105), Туркманистон (113) ва Қазоқистон (125) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG