Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ба риояи созишномаи Сурия даъват кард


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дирӯз дар Остона гуфт, ҳукумати кишвараш шуруи оташбас дар Сурияро ҷонибдорӣ ва тарафҳоро ба иҷрои он даъват мекунад.

Оташбас дар Сурия аз нимашабии 26 феврал оғоз шуд.

Дар суханронӣ назди сафирони намояндагиҳои дипломатӣ Назарбоев афзудааст, ки низои Сурия "ба кишварҳои дур аз минтақа низ таъсири манфӣ мерасонад".

- Мо аз созишномаи Русияву ИМА дар масъалаи оташбаси Сурия пуштибонӣ мекунем. Аз ҳамаи ҷонибҳо даъват мекунем, ки созишномаро риоя кунанд. Бовар дорем, ки ин созишнома шароит фароҳам меорад, то ҳалли дарозмуддати сиёсӣ ба даст ояд, - гуфтааст Назарбоев.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин ба зарурати қарордоди таъсиси Бонки урани камғанишуда дар Қазоқистон таъкид кардааст. Шартнома дар мавриди таъсиси ин бонк миёни Остона ва Оҷонсии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ) моҳи август ба имзо расид. Бонки урани камғанишуда дар ҳудуди корхонаи оҳангудозии Улбинск дар шаҳри Уст-Каменогорски вилояти Шарқии Қазоқистон таъсис хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG