Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвои модари марзбони “Арканкерген” рад шуд


Додгоҳи ноҳиявии Сариариқи Остона қарор кард, ки даъвои Татяна Рей рад карда шавад.

Бознишаста аз вилояти Павлодар даъво карда буд, ки барои қатли пасараш ба унвони ҷуброни маънавӣ ба вай 370 миллион танга пардохт шавад. Модари марзбон ба ин назар аст, ки писараш бо айби ниҳодҳои давлатӣ кушта шудааст.

Серик Сарсенов, вакили дифои Татяна Рей мегӯяд, силоҳе, ки аз он марзбонон кушта шудаанд, манбаи калони хатар аст ва он моли давлат буд. Ба ин далел ниҳодҳои давлатӣ бояд ҷавобгар бошанд.

- Челаха ҷавобгар эълон шуд, аммо масъалаи ҷавобгарии нафарони масъул таҳқиқ нашудааст. Ҳеҷ як мақоми давлатӣ барои кушта шудани 14 марзбон айбдор дониста нашуд, - гуфт Серик Сарсенов, ки пештар аз Владислав Челах дар додгоҳ ҳимоят мекард.

Ёдовар мешавем, дар моҳи майи соли 2012 дар постгоҳи марзии сӯхташудаи “Арканкерген” дар марзи миёни Қазоқистон ва Чин ҷасади 14 марзбон ва як ҷангалбон пайдо карда шуд. Ҷасади Денис Рей ва Мейрхан Именов, марзбони дигар ошкор нашуданд ва онҳо расман гумшуда эълон шуданд. Дар моҳи декабри соли 2012 Владислав Челах, танҳо марзбони зиндамонда дар ин постгоҳ бо айби қатли ом дар постгоҳи “Арканкерген” ба ҳукми абад маҳкум шуд.

Баъд аз ду сол бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Успенск низомии қисми ҳарбии №2484-и нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ Денис Рей кушташуда дониста шуд.

XS
SM
MD
LG