Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кибертерроризм ба Тоҷикистон таҳдид мекунад?


Юсуф Раҳмонов, Додситони кулли Тоҷикистон.
Юсуф Раҳмонов, Додситони кулли Тоҷикистон.

Давлати Тоҷикистон қасд дорад Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризмро таъсис диҳад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 3 март дар матлабе дар “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии давлати ин кишвар гуфтааст, мавзӯи Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм дар ҳоли баррасӣ аст.

Ба навиштаи ҷаноби Раҳмон, ҳадаф аз ин иқдом “дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодабарии шабакаҳои интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ” буда, Додситонии кулл, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти дигари давлатӣ мавзӯъи таъсиси чунин марказро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин, ба навиштаи додситони кулли Тоҷикистон, ба манзури фароҳам кардани заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо ифротгароӣ ва терроризм, тарҳи Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм барои солҳои 2016-2020 омода шудааст, ки дар он "мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, бо назардошти талабот ва таҳдидҳои дар пешорӯи кишвар қарордошта” муайян гардидааст.

Ахиран, мақомоти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон шабакаҳои Интернет, бахусус, шабакаҳои иҷтимоие чун “facebook” ва “Одноклассники”- ро дар паҳн кардани ғояҳои ифротӣ муттаҳам карда ва хостори назорати ҷиддӣ бар шабакаи Интерне шудаанд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеъи ҳукумати кишвар дар рӯзи 21 январи соли ҷорӣ гуфта буд: “Тибқи таҳлилҳо макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурўҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд”.

Ба дунболи он мақомоти Донишкадаи исломии Тоҷикистон (ДИТ) аз донишҷӯён хостанд, ки аз робита бо гурӯҳҳои тундрав тавассути шабакаҳои Интернет худдорӣ кунанд.

Мақомоти Донишкадаи исломии Тоҷикистон зимни як ҳушдоре бо номи “Тазаккур ба донишҷӯёни ДИТ”, ки рӯзи 29 феврали соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии “facebook” мунташир шуд, аз робитаи донишҷӯён аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ ибрози нигаронӣ кардаанд.

Дар “Тазаккур барои донишҷӯёни ДИТ” омадааст: “Хабарҳо ба роҳбарияти донишкада расидааст, ки баъзе аз донишҷӯён аз тариқи телефонҳои мобилӣ ба тамошои филму тасвирҳои марбут ба гурӯҳҳои экстримистӣ ва ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ машғул мешаванд. Чунин фаъолиятҳо ғайриқонунӣ буда, дар сурати мушаххас шудани афрод ҳатман аз донишкада хориҷ ва ҳатто парвандаи ҷиноӣ барои онҳо кушода мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад танҳо фаъолияти интернетии донишҷӯёне, ки бо ному насаби мушаххас дар шабакаҳои иҷтимоии “facebook” ё “Одноклассники” ширкат мекунанд, назорат кардан мумкин аст. Ба ин афрод ҳушдор дода мешавад, ки дар сурати ошкор шудани робитаи онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаи Интернет онҳо аз донишкада ихроҷ ва аз рӯи қонунҳои амалкунанда ҷавобгар хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG