Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсири иқтисоди Русияву Чин ба рушди Қазоқистон


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, кунд шудани суръати рушди иқтисоди Чин ва пасравии иқтисоди Русия ба иқтисоди Қазоқистон зарар расондааст.

Вай гуфт: “пасравии иқтисод ва таҳримҳое, ки бар зидди “ҳамсояи бузурги мо” ҷорӣ шудааст, ба мо ҳам таъсир кардааст, зеро он тарафи асосии ҳамкори тиҷоратии мо мебошад.

Назарбоев дар ҳамоише бо ширкати намояндагиҳои дипломатӣ 2 март дар Остона гуфт, тиҷорат аз 20 то 25 дарсад поин рафтааст. Вай афзуд, “коҳиши рушди иқтисоди Чин низ таъсири худро доштааст”.

Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди коҳиши суръати рушд ҳамлу нақли молу колоҳои Чин тавассути қаламрави Қазоқистон ба самти Аврупо ду баробар афзоиш ёфтааст.

Масалан, дар соли 2013 аз қаламрави Қазоқистон ба Аврупо 6 ҳазор контейнер гузаштааст, вале дар соли 2015 ин рақам ба 48 ҳазор расидааст. Мумкин аст дар соли 2016 ин рақам ба 95 ҳазор бирасад, ки то ҳол собиқа надошт.

XS
SM
MD
LG