Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирон созишномаи Минскро баррасӣ мекунанд


Вазирони корҳои хориҷаи Русияву Украина ва Фаронсаву Олмон дар Порис иҷрои нақшаҳои сулҳи Украинаро, ки моҳи феврали соли 2015 дар Минск пешбинӣ шуда буд, баррасӣ мекунанд.

Ин дуввумин санади сулҳ буд, ки раҳбарони чаҳор кишвар дар Минск қабул карданд ва дар он як силсила тадбирҳои қатъи даргириҳо дар шарқи Украина миёни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия пешбинӣ шудааст.

Киев иддао мекунад, ки Русия созишномаи Минскро риоят намекунад ва ба ҷудоихоҳон дар шарқи Украина аслиҳа медиҳад. Вале худи Украина низ уҳдадориҳои худро тибқи созишнома дар бораи анҷоми ислоҳот, яъне додани мухторияти бештар ба минтақаҳои шарқӣ ва баргузории интихоботи маҳаллӣ иҷро накардаааст.

Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон 23 феврал гуфта буд, ки муборизаҳои дохилии ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат, яъне эътилофи раҳбарӣ имкон намедиҳад, ки Киев уҳдадориҳои худро барои анҷоми ислоҳот иҷро кунад.

XS
SM
MD
LG