Пайвандҳои дастрасӣ

Бо қарор ҳукумати Тоҷикистон, Лочин Файзуллозода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз мақомаш озод шудааст. Дар хабарномаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сабаби барканории Лочин Файзуллозода зикр нашудааст. Лочин Файзуллозода писари вазири пешини тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Файзулло мебошад.

Писари вазири собиқи тандурустӣ аз замони хатми донишгоҳ ҳамеша дар ниҳодҳои давлатӣ кор кардаву зина ба зина “сабзида”, боло рафтааст. Лочин Файзуллоев дар оғози солҳои 2000-ум дар идораи масъалаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии мушовири собиқи иқтисодии президент Файзулло Холбобоев ва бо пули Бонки ҷаҳонӣ таъсис шуда буд, кор мекард. Сипас ба Кумитаи ҷавонон гузашт ва ба ҳайси раиси департамент ва баъдан ҳамчун муовини раис асосан риштаи сайёҳат ва ҷаҳонгардиро назорат мекард. Лочин Файзуллоев дар моҳи феврали соли 2014 муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъин шуд.

XS
SM
MD
LG