Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ангора ё рамзи "Наврӯз-2016"- ро тасдиқ кард, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ дар сартосари кишвар ҳамчун рамзи ин иди миллӣ истифода хоҳад шуд. То кунун рамзи Наврӯз ба гунаҳои мухталиф дар ҳар гӯшаи кишвар зоҳир мешуд, вале акнун ангораи мазкур дар тамои кишвар ягона буда ва дар ҷашнҳову нишастҳо истифода мешавад. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба ин муносибат ба вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳо, мақомоти вилоятҳо дастур дода шуд, ки ҳангоми тантанаҳои наврӯзӣ аз ин ангора истифода намоянд. Ин дар ҳолест, ки масъулони фарҳангии кишвар барои таҷлили Наврӯз дар кишвар омодагӣ мебинанд.

Ба хотири бузургдошти Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, аз 19 то 24-уми марти соли 2016 ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ин барнома дар охирҳои моҳи январ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Дар чаҳорчӯби ин барнома маҳфилҳои шеър, мизҳои мудаввар, мулоқот бо мардум ва дарси устодони шеъри тоҷикӣ-форсӣ барпо мегарданд. Дар назар аст, ки дар ин ҷамъомад бузургтарин шоирони форсизабони ҷаҳон иштирок намоянд.

Ба ин муносибат маҳфилҳои шеъру суруд бо ширкати шоирони номдори тоҷик аз 19 феврал бо Рустами Ваҳҳоб оғоз гашта, 19-уми март бо базми шеъри раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ба охир мерасанд. Дар ин байн баргузории базми шеъру суруди шоирон Гулназар, Гулрухсор Меҳринисо, Раънои Мубориз, Зулфия, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Озар, Озарахш, Раҳмат Назрӣ, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа, Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат ба нақша гирифта шудаанд

XS
SM
MD
LG