Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Торнамои "СССР" фаъол шуд


Торнамои ҷадиди "cccp.tj" вориди фазои иттилоотии Тоҷикистон шуд. Сайф Достиев, сардабири нашрияи "СССР" дар шабакаи иҷтимоии "facebook" дар ин бора хабар дода ва навиштааст: "Ин сайти нави интернетии мост. Муборакамон бод дустон. Камбуд дорад ва бисёр, вале мусалмонӣ оҳиста -оҳиста гуфтаанд. Мо Метавонем!"

Дар торнамо дар паҳлӯи "Хабарҳои охирин" бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоъ, маориф ва варзиш ҷой дода шудаанд. Чун дар дигар торнамоҳои хабарӣ дар ин сайт бахши видео ва назарсанҷӣ низ вуҷуд дошта ва дар назарсанҷии аввал мавзӯъи "Шумо Наврӯзро ҷашн мегиред?" матраҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG