Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ба "сезабонӣ"-и кишвараш таъкид кард


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни суханрониаш дар робита ба Рӯзи шукргузорӣ аз “сезабонӣ” сӯҳбат кард.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ аз суханони Назарбоев иқтибос овардаанд, ки гуфтааст донистани забони русӣ зарур аст. Назарбоев онро забони “ҳамсояи бузург” унвон кард. “Забони русиро бояд донист, зеро ба ин забон мо ҳарф заданро омӯхтем ва ҳамдигарро мефаҳмем”, - иқтибос овардааст хабаргузории “Интерфакс-Қазоқистон” аз суханони Назарбоев. Забони англисиро Назарбоев забони “илм ва навоварӣ” номид.

“Мо пештар низ эълон доштем, ки сезабона мешавем. Ин хости нафаре набуда, талаботи зиндагӣ аст. Забони давлатӣ забони халқест, ки бо он мо зиндагӣ дорем ва ҳама бояд онро донад. Ба ин сабаб мо кӯдаконро ба ин забон дар мактаб омӯзиш медиҳем ва аз онҳо минбаъд донистани ин забонҳоро талаб мекунем”, - гуфт Назарбоев.

17 феврал Назарбоев дар Алмаато гуфта буд, ки бархе аз мақомдорон бо маҷбур кардани ҳама барои сӯҳбат ба забони қазоқӣ “пештозӣ мекунанд”. Дертар раёсати ҷумҳурии Қазоқистон баёнияеро содир карда, ҳадафи суханони Назарбоевро шарҳ дод. Дар шарҳи ин ниҳод гуфта шуд, манзури Назарбоев ин буд, ки мақомдорон зимни посух ба шаҳрвандон бояд забонеро ба инобат гиранд, ки ба ин забон савол ё дархост ироа шуда бошад.

Тибқи Конститутсия қазоқӣ дар Қазоқистон забони давлатист. Дар Конститутсия гуфта шудааст дар муассисаҳои давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар канори забони қазоқӣ аз забони русӣ низ истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG