Пайвандҳои дастрасӣ

Созмондиҳандагони пойгаи мошинҳоро дар роҳҳои умумии шаҳри Бишкек ҷавобгарии ҷиноятӣ - то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин тасмимро Эрлан Отантаев, як масъули вазорати корҳои дохилии Қирғизистон эълом доштааст. Ба гуфтаи вай, пештар ширкатдорони пойгаи мошинҳо дар роҳҳои умумӣ ва ё корвони мошинҳои тӯёна, ки роҳҳоро банд мекарданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, аз 1000 сом (муодили 100 сомонӣ) ва бештар аз ин ҷарима мешуданд.

"Ҳоло мардум аз ин роҳбандиҳо бисёр шикоят мекунанд. Ба ҳамин хотир, онҳое ки дар корвони мошинҳои тӯёна аз миён болояшонро аз мошин мебароранд, аз 3 то 5 ҳазор сом (муодили 300 ва 500 сомонӣ) ҷарима мешаванд. Ҳамчунин созмондиҳандагони пойгаи мошинҳо, ки роҳҳоро мебанданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб хоҳанд шуд", - хабар додааст Отантаев.

Ҳафтаи гузашта наздики 50 фаъоли ҷамъиятӣ дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек ба кӯча баромада, талаб карданд, ки пойгаи мошинҳо дар шаҳр манъ шавад. Ширкатдорони эътироз гуфтаанд, аллакай як нафар дар чунин сабқат кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG