Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Ишқобод барои мизбонии музокироти сулҳи Афғонистон


Шаҳри Ишқободи Туркманистон

Шаҳри Ишқободи Туркманистон

Мақомоти афғон изҳор медоранд, ки зарур аст кишварҳои минтақа дар музокироти сулҳ бо Толибон нақши мусбат бозӣ карда ва Туркманистон мизбонии ин музокиротро ба ӯҳда гирад.

Ба манзури ҷалби кишварҳои минтақа ба музокироти сулҳи Афғонистон мушовири амнияти миллии ин кишвар Ҳаниф Атмар рӯзи гузашта ба Туркманистон сафар карда ва дар ҷараёни дидор бо мақомоти ин кишвар гуфтааст, ки бо оғози эҳтимолии музокироти сулҳ бо Толибон Афғонистон аз Туркманистон хоҳад хост, ки мизбонии як даври ин музокиротро ба ӯҳда гирад.

Дар музокироти сулҳи Афғонистон Туркманистон қаблан низ барои ҳамкорӣ омодагӣ нишон дода буд. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Тавоб Ғурзанг ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷаноби Атмар дар Туркманистон ба мақомоти ин кишвар итминон дод, ки пешниҳоди онҳо баррасӣ хоҳад шуд.

"Ин ҳамон пешниҳоде аст, ки ҷавоби ҳукумати Афғонистон ба он мусбат буд ва ба онҳо гуфт, вақте ки музокироти мустақими сулҳ шурӯъ шавад ҳукумати Афғонистон барои пешбурди ин раванд бар пешниҳоди Туркманистон андешаронӣ хоҳад кард. Яъне, мумкин аст, як даври музокироти сулҳ дар Туркманистон анҷом шавад".

Ҳукумати Афғонистон барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон изҳори хушбинӣ карда ва гуфтааст, ин музокирот шояд дар зарфи 6 ё 7 рӯз оғоз шавад.

Як назар ин аст, ки агар музокироти сулҳи Афғонистон аз Покистон хориҷ гардад, мумкин аст ин музокирот печидатар шавад. Аммо мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар ин робита ба як маҳал ё кишвар такя нахоҳанд кард ва ба гуфтаи ҷаноби Ғурзанг барои таъмини субот дар Афғонистон нақши тамоми кишварҳои минтақа муҳим мебошад.

Қабл аз ин таҳлилгари умури сиёсии Покистону Афғонистон Самеъ Юсуфзай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки агар Толибон аз фишори Покистон берун шаванд, мумкин аст ба як хатари бузург табдил шаванд.

"Покистон аз ин метарсад, ки агар Толибони афғон аз Покистон берун шаванд ва аз доираи нуфузу фишори Покистон хориҷ шаванд, хатарноктар хоҳанд шуд. Ҳам Покистон ва шояд ҳам Чину Амрико ба ин назар бошанд як фишор бар Толибон зарур аст, албатта тавассути як ҷиноҳе, ки ба онҳо нуфуз дорад то Толибон ба мизи музокира ҳозир шаванд. Агар Толибон ба як қудрати саҳроӣ табдил шаванд ва ҳеч касе ба онҳо нуфуз надошта бошад, шояд онҳо бештар хатарнок шаванд".

Мушовири амниятии Афғонистон дар суҳбат бо мақомти Туркманистон дар ин маврид изҳори нигаронӣ кардааст, ки гуфта мешавад гурӯҳҳои ифротӣ ва шӯришӣ бо ҳам наздиктар шудаанд, ки ин амал ба гуфтаи вай, барои Афғонистону кишварҳои минтақа таҳдиди бештар эҷод хоҳад кард.

Ҷаноби Атмар дар ҷараёни сафари якрӯзаи худ ба Туркманистон бо раиси Шӯрои амнияти миллии ин кишвар Ёлим Беридов ва вузарои дифоъ, хориҷа ва сарҳадоти ин кишвар мулоқот кард.

Туркманистон дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Узбакистон дар замони режими Толибон дар даҳаи 90-ум низ бо Афғонистон равобити хуб дошта ва аз ҳеч ҷониби даргири ин кишвар ҳимоят накардааст.

Зимнан, Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини раиси ҳукумати иҷроия ва яке аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Афғонистон дар мусоҳиба бо торнамои "afghanistan.ru" дар ҳафтаи гузашта хостори ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар музокироти сулҳи Афғонистон шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG