Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе мусобиқаи футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон баргузор мешавад.

Мусобиқаи футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон, ки рӯзи панҷшанбе, 3 март, дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад, то рӯзи 6 март идома хоҳад кард. Ба иттилои Дилором Нусратуллоева, мудири шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ҳашт даста ширкат меварзад.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи “А” дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ва «Барқ» (Норак) ва ба гурӯҳи «Б» «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Ситора» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохиланд.

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум талош хоҳанд кард. Бозиҳо аз ду қисми 35-дақиқаӣ иборатанд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқот рӯзи якшанбе, 6 март, барпо мегарданд.

“Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14), ки охири моҳи апрел дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе ширкат меварзад, як марҳилаи омодагӣ маҳсуб мешавад”, - иброз дошт Дилором Нусратуллоева.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

3 март (панҷшанбе)

«Ласточка» – «Регар-ТадАЗ»

«Вахш» – Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14)

«Ласточка» – «Ситора»

«Зебо» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 2-юм

4 март (ҷумъа)

«Норак» – «Хуҷанд»

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Ласточка»

«Ситора» – «Зебо»

Даври 3-юм

5 март (шанбе)

«Хуҷанд» – «Вахш»

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Норак»

«Ласточка» – «Зебо»

«Регар-ТадАЗ» – «Ситора»

6 март (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Ҷойи 2 «А» – Ҷойи 2 «Б»

Бозии ниҳоӣ

Ҷойи 1 «А» – Ҷойи 1 «Б»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG