Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони Владимир Путин, президенти Русия дар робита ба фоҷиа дар як кони ангишт дар Ҷумҳурии Комии он кишвар, ки сабаби ҳалокат даҳҳо нафар шуд, номаи тасаллият ирсол доштааст. Дар барқияи тасаллият Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳури Русия аз ҷумла омадааст ки «муҳтарам Владимир Владимирович, хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, бо андӯҳи амиқ дарёфтам."

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият ба пайвандону наздикони ашгиштканон ва наҷотдиҳандагони ҳалокшуда, таманниёти зуд шифо ёфтани осебдидагонро кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, рӯзи 1-уми март бар асари чанд таркиш дар кони ангишти "Северная"-и Воркутаи Ҷумҳурии Комаи Русия ҳудуди 36 нафар коргарон ва наҷотдиҳандагон ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG