Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Истиқлол”-и Душанбе бар “Саройкамар”-и Панҷ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозии дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки рӯзи 1-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии “Истиқлол”, барандаи феълии Ҷоми ФФТ, ба охир расид. Голҳоро ҳамлагар Александр Каблаш (дақиқаи 37-ум), легионери украинӣ ва ҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев (дақиқаи 59-ум) ба ҳадаф расонданд.

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истиқлол» – «Саройкамар» – 2:0

Голҳо: Александр Каблаш, 37 (1:0). Давронҷон Эргашев, 59 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук (Давронҷон Эргашев, 46), Аҳтам Назаров (Дилшод Восиев, 46), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 46), Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Александр Каблаш, Нозим Бобоҷонов (Фаридун Шарифов, 46), Акмал Холматов, Манучеҳр Ҷалилов.

«Саройкамар» (Панҷ): Сафар Наботов, Фаридун Шодиев, Фирдавс Солеҳов, Соҳиб Ваҳҳобов, Умед Авазов, Искандар Мамадқулов, Акмал Авазов (Сорбон Гирдаков, 55), Анвар Авазов, Насим Мамадқулов (Фахриддин Мамадқулов, 85), Ҳусейн Ёқубов, Шариф Раҳматов (Маҳмадшариф Саломатшоев, 62).

Огоҳонида шуданд: Ҳусейн Ёқубов («Саройкамар»), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев, Давронҷон Эргашев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

1 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Имрӯз, 2 март, боз як бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва ССКА «Помир»-и Душанбе барпо мегардад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот ҳамагӣ ҳашт дастаи беҳтарин – чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон – ширкат меварзад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Саройкамар» (Панҷ), «Истиқлол» ва ССКА «Помир» (ҳарду аз Душанбе) ва ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хайр» (Ваҳдат), «Қайроққум» (Қайроққум) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) дохиланд.

Дар сабқати гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра бозӣ мекунанд. Аз рӯи натиҷагирии бозиҳо аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ барои панҷумин бор баргузор шудааст. Ду бор “Истиқлол”-и Душанбе ва якборӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр”-и Ваҳдат Ҷомро ба даст овардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG