Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ «Маданият-Тарих-Тил» фаъол мешавад


Дар бастаи шабакаҳои иҷтимоии телевизионҳои рақамӣ аз 1 март шабакаи нави телевизионии «Маданият-Тарих-Тил» пайдо мешавад.

Дар ин бора сомонаи Кумитаи радио ва телевизиони Қирғизистон хабар медиҳад. Шабакаи нави телевизионӣ бар асоси шабакаи пешини «Маданият» роҳандозӣ мешавад.

Ғояи шабакаи телевизионии «Маданият-Тарих-Тил» аз қонеъ сохтани талаботи фарҳангии аҳолӣ ва ҳамчунин омӯзиши насли наврас ба асосҳои худшиносии миллӣ тавассути азхудкунии таърих ва забони қирғизӣ иборат аст.

Хабар дода шудааст, ки шабакаи нави телевизионӣ бо таҷҳизоти замонавии рақамӣ муҷҷаҳаз шуда, барои пахши барномаҳои дорои кайфияти баланди HD мутобиқ аст.

Дар маркази матбуотии Кумитаи радио ва телевизиони Қирғизистон хабар доданд, ки дар маросими ифтитоҳи ин шабакаи телевизионӣ нахуствазир Темир Сараев, вазири фарҳанг, иттилоъ ва сайёҳӣ Алтинбек Мақсутов ширкат мекунанд

XS
SM
MD
LG