Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон ҳамлаҳои киберӣ ба ДИ-ро тақвият медиҳад


Ба гуфтаи намояндаҳои воломақоми Пентагон, ИМА ҳамлаҳои киберӣ бар зидди гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқро тақвият дода, ба минтақа воҳидҳои нерӯҳои махсуси амриқоӣ интиқол шудааст.

Раҳбари вазорати мудофиаи ИМА Эш Картер хабар дод, коршиносон аз ҷумла аз наҳваҳои наве истифода мекунанд, ки метавонанд серверҳои интернетии ифротгароёнро хароб карда, онҳоро водор ба истифодаи фанновариҳои кӯҳнае кунанд, барои ИМА қобили нусхагирӣ ва назоратанд.

«Мо намехоҳем, ки душман огаҳӣ ӣбад, ки амалиёти мо дар куҷо ва чӣ гуна баргузор мешавад», - гуфт дар нишасти хабарӣ дар Пентагон фармондеҳи ситод генерал Ҷозеф Данфорд.

Картер ҳамчунин хабар дод, ки дар Ироқ гурӯҳи махсуси низомиён қарор дорад. “Мо якҷо бо нерӯҳои ҳукуматии Ироқ фаъолият карда, онҳоро ба муҳосира ва бозпас гирифтани Мавсул омода мекунем”, - шарҳ дод вазир.

Шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ 200 ва дар Сурия 50 нафар эълон шудааст. Ин теъдод чандон зиёд нест, вале аз афзоиши ҳузури низомии ИМА дар минтақа паём медиҳад.

XS
SM
MD
LG