Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ ҳушдор медиҳад, ки ҳазорҳо нафар дар Сурия метавонанд аз гуруснагӣ бимиранд.

Масъули бахши ҳуқуқи инсони СММ Зайд Раад Ал-Ҳусейн рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар маросими оғози ҷаласаи ҳамасолаи Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ зикр кард, ки қариб 480 ҳазор сокини шаҳрҳои муҳосирашудаи Сурия дар вазъияти бадтарин қарор доранд.

«Дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ барқасдона аз гуруснагӣ ба марг расонидани инсон манъ аст”, - гуфт Ал Ҳусейн.

Ба иттилои кормандони созмонҳои башардӯстона, даҳҳо сокини шаҳри Маадамӣ аллакай аз гуруснагӣ фавтиданд.

Имрӯз, 1 март корвони башардӯстона баъд аз оғози оташбас ба шаҳри муҳосирашудаи Маадамии Сурия расид. Ба иттилои Ҳилоли Аҳмар, 10 мошини боркаши ҳомили кӯрпаву маводи тозакунӣ ба шаҳри Маадамӣ дар ҷанубу ғарби Димишқ ворид шуданд.

СММ умедвор аст бо истифода аз оромии нисбӣ дар тӯли панҷ рӯзи оянда дар миёни 154 ҳазор нафар кӯмакҳоро тақсим

XS
SM
MD
LG