Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори Э.Раҳмон бо раҳбари артиши Покистон


Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳил Шариф

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳил Шариф

Дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳил Шариф, Фармондеҳи артиши Покистон маҷмӯъи васеи масоили ҳамкории сиёсию низомии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо ба тавсеъаи ҳамкории артишҳои миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистонро барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир муҳим таъкид намудаанд.

Ҳамчунин, дар ин дидор масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, энергетика, пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохторӣ барои тавсеаи ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва таъмини амнияту субот матраҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG