Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи 18 муҳоҷири тоҷик аз Бошқирдистон


Ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти приставҳои ҷумҳурии Бошқирдистони Русия мегӯяд, аз аввали сол аз ин минтақа 72 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. 36 нафари онҳо аз Узбакистон ва 18 тани дигар аз Тоҷикистон буда, ҳамаи ин 72 нафар бо ҳукми додгоҳҳои маҳаллӣ бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ба муддати аз 3 то 5 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шудаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то 1 январ шумори он шаҳвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 331 391 нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG