Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори Nakanune.kz Козлова бегуноҳ эълон шуд


Юлия Козлова

Юлия Козлова

Додгоҳ дар Алмаато хабарнигори сомонаи мухолифони Nakanune.kz Юлия Козловаро дар робита ба нигаҳдории маводи мухаддир сафед кард.

Додгоҳ ҳукм кард, ки ҳамаи айбҳо аз Юлия Козлова бардошта шаванд ва ӯ ба сафедшавии комил ҳақ дораду метавонад аз кормандони корҳои дохилии Алмаато ба додгоҳ шикоят барад.

Ба ғайр аз ин, судя Людмила Бектемирова дар мавриди зарурати аз куҷо пайдо шудани мухаддирот дар ин парванда таъиноти хусусӣ баровард. Дар нисбати бозраси ин парвандаи хабарнигор Толганай Ержанова ва бозпурс Руслан Алкенов низ таъиноти хусусӣ бароварда шуд. Ба додситонӣ дастур дода шуд меёри масъулияти ин ду нафар дар қонуншиканиҳо зимни анҷоми таҳқиқотро муайян кунад.

Вакили дифои Юлия Козлова ҳукми судро «бесобиқа» номид. Юлия Козлова дар нигаҳдории бе мақсади фурӯши маводи мухаддир айбдор шуда буд. Ин айб дар пайи кофтукоби манзилаш дар таърихи 18 декабри соли гузашта бароварда шуд. Кофтукоби манзили хабарнигор дар чаҳорчӯби таҳқиқи чопи матлабҳои фармоишӣ дар сомонаи Nakanune.kz. сурат гирифтааст. Додситонӣ барои хабарнигор ба унвони ҷазо 180 соат кӯчарибиро талаб карда буд. Хабарнигор Юлия Козлова айбҳоро рад кард.

Ҷаласаи додгоҳ, ки дар он бояд ҳукм эълон мешуд, ба сабабҳои «мушкили фаннӣ дар компютер» се бор ақиб афтод ва судя аз ширкаткунандагон узрхоҳӣ кард. «Азбаски хеле дер шуд, иҷоза диҳед, нусхаи ҳукмро пагоҳ бароятон диҳам», - хоҳиш кард судя Людмила Бектемирова аз хабарнигор Козлова.

XS
SM
MD
LG