Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 март мактабҳои Исломобод баста шуданд


Малик Мумтоз Қадрӣ
Малик Мумтоз Қадрӣ

Покистон дар рӯзи ба хоксупории як афсари пешини пулис, ки дар соли 2011 ба волии вилояти Панҷоби Покистон суиқасд анҷом дода буд, ҳамаи мактабу мадрасаҳо дар шаҳри Исломободро бастааст.

Мақомот мегӯянд, ки ҳамаи тадбирҳо барои пешгирӣ аз хушунати ҷонибдорони афсари пулис Малик Мумтоз Қадрӣ андешида шудааст. Қадрӣ, ки ба дор кашида шудааст, рӯзи 1 март ба хок супурда мешавад.

Роҳҳои атрофи биноҳои давлативу ҳукуматӣ, порламон ва намояндагиҳои дипломатӣ барои як рӯз баста шудаанд.

Қадрӣ 29 феврал ба дор кашида шуд ва дар чанд шаҳри Покистон ҷонибдоронаш ба эътироз баромаданд. Баъзе шахсиятҳои мазҳабӣ, раҳбарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои тундрав ба таври ошкоро аз вай дифоъ карданд.

Моҳи январи соли 2011, вақте ки Салмон Таъсирро парронданд, Қадрӣ амниятро таъмин мекард. Пеш аз ин Таъсир даъват карда буд, ки дар қонун роҷеъ ба тавҳин ислоҳот ворид шавад.

Қадрӣ, ки Таъсирро барои тавҳин муттаҳам мекард, дар додгоҳ эътироф кард, ки вай волиро куштааст.

XS
SM
MD
LG