Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Тоҷикистону Узбакистон ба тавсеъаи ҳамкориҳо


Дар назар аст дар тобистони соли ҷорӣ нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд баргузор шавад

Дар назар аст дар тобистони соли ҷорӣ нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд баргузор шавад

Ҷонибҳои Тоҷикистон ва Узбакистон масоили густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва созмонҳои дигари байналмилалию минтақавиро баррасӣ кардаанд.

Ин мавзӯъот дар дидори Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе матраҳ гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҷонибҳо дар атрофи тадорукот барои баргузории чорабиниҳо дар давраи раёсати Узбакистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), аз ҷумла, нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Тошканд низ ибрози назар кардаанд.

Дар назар аст, ин нишаст рӯзҳои 23-24 июни соли ҷорӣ баргузор шуда ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар он ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG