Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи аввал "Тоҷикистон" номгузорӣ мешавад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Шабакаи аввали телевизион кишвар шабакаи "Тоҷикистон" номида шавад. Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми март зимни суханронӣ дар маросими суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма баён дошт.

Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфтааст, ки "бо номи “Тоҷикистон” ба роҳ мондани фаъолияти шабакаи марказӣ ин ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, эҳтиром ба номи кишвар ва яке аз роҳҳои муаррифии шоистаи ватани маҳбубамон ҳамчун рамзи ҳастии миллат мебошад."

Шабакаи якуми телевизиони давлатии Тоҷикистон шабакаи расмии давлатист ва назари расмии мақомоти Тоҷикистон пӯшиш медиҳад. Дар баробари Шабакаи аввал дар Тоҷикистон то ба ҳол се шабаки дигари телевизионӣ -- "Ҷаҳоннамо", "Баҳористон" ва "Сафина" фаъолият мекарданд.

XS
SM
MD
LG