Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз шудани парванда алайҳи тилофурӯш


Додситонии вилояти Суғд алайҳи як зани тиллофурӯш дар шаҳри Хуҷанд, ки ашёи тиллоии худро ба доллар фурӯхтаст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бино ба хабари Маркази матбуоти пулиси Суғд, зани тиллофурӯши 47- сола рӯзи 29 феврал дар Хуҷанд баъди фурӯхтани тилловорӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар ба харидоре аз ҷониби кормандони додситонӣ боздошт шудааст. Додситонӣ ӯро ба ҷурми “муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ” айбдор кардааст.

Додситонии вилояти Суғд дар пайи поин рафтани қурби сомонӣ дар муқобили асъори хориҷӣ барои назорати бозори асъор ва "ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ”як гурӯҳи корӣ, ки ба он намояндагони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомиланд, таъсис додааст.Ба иттилоъи ин манбаъ, моҳҳои охир 358 саррофро, ки ба “мубодилаи ғайриқонунии асъор ва фурӯши доллар бо нархи баланд” машғул будаанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд мегӯяд, ин афрод бе иҷозаи расмӣ асъори хориҷиро иваз карда,“қурби асъорро низ бо хости худ муайян мекарданд”, ки боиси бенизомӣ ва ҳарҷу мараҷ дар бозори маҳаллии асъор гаштааст.

XS
SM
MD
LG