Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъиноти кадрӣ: Муовини нави раиси Хадамоти алоқа


Рӯзи 29 феврал дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон бо қарори ҳукумат Малоҳат Абдураҳмонзода муовини сардори Хадамоти алоқа, ниҳоди масъули танзими риштаҳои телефону Интернет ва почтаи Тоҷикистон таъин шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҷаласа ҳамчунин “”ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2016 шунида шуд.” Ҳамчунин ҳукумат тағйирот ба як силсила қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”, “Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми дуюм)-ро тасвиб карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон фиристод.

XS
SM
MD
LG