Пайвандҳои дастрасӣ

Сабукиҳои Маркази тестӣ барои довталабон


Маркази тестӣ дар мавсими имтиҳонҳо шулуғ мешавад. Акс аз августи соли 2015

Маркази тестӣ дар мавсими имтиҳонҳо шулуғ мешавад. Акс аз августи соли 2015

Барои аввалин бор имсол довталабоне, ки мехоҳанд, дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон шомил шаванд, барои интихоби забони имтиҳон озод хоҳанд буд. Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, ин тасмим дар пайи натиҷаҳои имтиҳонҳои соли гузашта гирифта шудааст, ки аксар довталабон аз сабаби надонистани забони русӣ ба иштибоҳҳои зиёд роҳ додаанд.

Маркази миллии тестӣ шурӯъ аз фардо, 1 март бо таъсиси 28 нуқта дар 26 шаҳру ноҳияҳо ба сабти номи довталабон шурӯъ мекунад. Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, дар 20 шаҳру ноҳия низ нуқтаҳои сайёр таъсис дода мешавад.

Хатмкунандаҳои мактабҳои миёна ва афроди дигаре, ки орзуи донишҷӯ шуданро доранд, то 15 апрел метавонанд бо пешниҳоди 3 ҳуҷҷати асосӣ -- шиноснома, маълумотнома аз мактаб ва ё аттестат (диплом, аз хатмкунандаҳои колеҷу омузишгоҳҳо) ва расид оид ба пардохти маблағи иловагӣ, ки 200 сомонӣ муқаррар шудааст (ятимон аз пардохти ин маблағ озоданд), дар Маркази миллии тестӣ худро ба қайд хоҳанд гирифт. Шахсоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст, барои иштирок дар ИМД танҳо 50 %-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 100 сомонӣ пардохт мекунанд.

Ҳамроҳ бо асноди зарурӣ довталабон бояд рӯйхати ихтисосҳои интихобкардаи худро низ пешниҳод кунанд. Имсол ҳам мисли соли гузашта, ба довталабон имкони интихоби 12 ихтисос дода мешавад.

Абдувосит Юлдошев, ёвари раҳбари Маркази миллии тестӣ, рӯзи 29 феврал ба Озодӣ гуфт, имсол дар ҷараёни қабули довталабон ба донишгоҳҳо баъзе маҳдудиятҳо лағв шудааст.

Ба гуфтаи Юлдошев, соли равон довталабоне, ки мехоҳанд шомили филиалҳои муассисаҳои таълимии Русия дар Тоҷикистон бошанд, дар интихоби забони имтиҳонсупорӣ озод ҳастанд. Соли гузашта барои довталабоне ки дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон худро ба қайд мегирифтанд, имтиҳони дохилшавиро бо забони русӣ месупориданд.

Юлдошев таъкид кард, дар канори озод будан дар интихоби забони имтиҳонсупорӣ Маркази миллии тестӣ имсол дар муқоиса бо соли гузашта ду давраи азнавбақайдгириро дар назар дорад. Ба гуфтаи Юлдошев, бақайдгирӣ (даври асосӣ) аз 1-уми март то 15-уми апрел, даври якуми азнавбақайдгирӣ аз 16-ум то 30-юми апрел ва даври дуюми азнавбақайдгирӣ аз 10-ум то 19-уми июн идома мекунад. Дар баробари ин, марказ аз 20-ум то 30-юми июн бақайдгирии иловагӣ доир менамояд, ки он барои шахсоне пешбинӣ шудааст, ки бинобар сабабҳои узрнок дар бақайдгирии даври асосӣ аз қайд гузашта натавонистаанд.

XS
SM
MD
LG