Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 30 сол ҳабси Ҷамшед Раҷабов


Ҷамшед Раҷабов.
Ҷамшед Раҷабов.

Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии парвандаи Ҷамшед Раҷабови 34-сола, сокини ноҳияи Ҳисорро шурӯъ кардааст, ки барои ҳамла ба хонавода ва куштори шаҳрванди Русия дар Красногорскии вилояти Маскав дар курсии айбдорӣ нишастааст. Қаблан Ҷамшед Раҷабов ҳамроҳи ду нафари дигар барои куштори ду бародар дар Ҳисор, ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Аз дафтари матбуоти додгоҳи пойтахт рӯзи 29 феврал ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки Ҷамшед Раҷабов бо чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор мешавад ва додситонӣ барои ӯ 30 соли маҳрумият аз озодиро тақозо кардааст.

Дар моҳи июли соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҷамшед Раҷабовро бар асоси парвандаи пурсарусадои қатли бераҳмонаи ду бародар -- Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо гунаҳкор донист ва ба 25 сол зиндон маҳкум кард ва ҳамроҳони ӯ Абдулазиз Усмонов, маъруф ба «Ҳоҷӣ Самандар” ва Саидмурод Мадалиевро ба ҳабси якумрӣ равонаи зиндон карда буд.

Ҷамшед Раҷабов баъди он, ки дар куштори ду бародар дар Ҳисор маҳкум ба зиндон шуд, аз ҷониби додгоҳи Маскав ба Додситонии кулли Тоҷикистон нома ворид шуд, ки вай дар ғорату куштори шаҳрванди Русия ва захмӣ кардани аъзои хонавода ӯ, айбдор аст.

Дар номае, ки аз додгоҳи Маскав дар нисбати Ҷамшед Раҷабов расидааст, гуфта мешавад, ки вай 13-феврали соли 2014 дар ноҳияи Красногорскии вилояти Москва аз шиносаш шахси ба тафтишот номаълум бо номи “Жора” як адад пистолети “мм” бо тирдон гирифта, ҳамон рӯз, соати тахминан 21-00 бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи шаҳрванд Миронченко Б.В. воқеъ дар вилояти Москва, ноҳияи Красногорск, деҳаи Ильинск, кӯчаи Новая Садовая хонаи № 25 «а» ҳамла намуда, шавҳари ӯро ба қатл расонидааст. Вай баъдан ба ҳамсари ӯ Миронченко С. Ю тир мезанад, ки дар натиҷа вай захмӣ шуда ва ба бемористон интиқол меёбад.

Ба гуфтаи додгоҳ, Ҷамшед Раҷабов сипас дороиҳои ин хонавода ба шумули тиловориҳоро дар ҳаҷми 775607 (як миллиону ҳафтсаду ҳафтоду панҷ ҳазору шашсаду ҳафт рублу аз сад ҳаштод копейк ) баробар ба 128202.73 сомонӣ ғорат менамояд ва онҳоро бо дӯсташ "Жора" тақсим намуда ва ба Тоҷикистон фирор менамояд.

XS
SM
MD
LG