Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулмира Кудайбердиева, муовини нахуствазири Қирғизистон дар ҳамоиши сатҳи баланди ҷаласаи 31 Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Женева суханронӣ мекунад.

Бино бар хабари маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ин кишвар 28 октябри соли 2015 дар ҷаласаи 70-уми Маҷмаи Кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк узви ин Шӯро барои солҳои 2016-2018 интихоб шудааст. Барои Қирғизистон ин нахустин маърака дар чунин мақом аст.

Хабар дода мешавад, ки ҳамоиши феълӣ ба 10-солагии таъсиси ин Шӯро, солгарди нимасрии қабули Паймони байналмилалии озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва Паймони байналмилалии озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бахшида шудааст. Ҳамчунин ин ҳамоиш ба оғози Барномаи фарогири рушд то соли 2010 бахшида мешавад.

XS
SM
MD
LG