Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости радди қонуни "агентҳои хориҷӣ"


Фаъолони шаҳрвандӣ аз вакилони Жогорку Кенеш хостанд, ки тарҳи қонун дар бораи агентҳои хориҷиро баргардонанд.

Онҳо ин дархостро дар мизи муддавар дар Бишкек, ки ин мавзӯъ баррасӣ мешуд, матраҳ карданд.

Хабар дода шуд, ки зери дархости гардонидани тарҳи ин қонун беш аз 3 ҳазор нафар имзо кардаанд. Фаъолон ин тарҳи қонуни эҳтимолиро ҳатто поймолкунанда номиданд.

Тарҳи қонуни агентҳои хориҷиӣ бемантиқ аст, гуфт вакили Жогорку Кенеш Чолпон Ҷакупова. Ба гуфтаи вай, меҳвари ин тарҳи қонун бо Конститутсия мухолифат дошта, меъёрҳои қонунгузориро вайрон мекунад. Вай афзуд, ки ҳамаи созмонҳои ғайридавлатӣ бе ин ҳам таҳти назорат ҳастанд.

Вакил Алмамбет Шикмаматов низ аз ин суханон ҳимоят карда, гуфт, ки тӯли ин солҳо созмонҳои ғайридавлатӣ дар бахшҳои мухталиф ёвари давлат буданд. "Ин тарҳ хатарнок аст, зеро "кӯдакро якҷо бо мағзоба" мепартояд. Ман ба ин назарам, ки тарҳи қонун бояд комилан рад шавад", - гуфт вай.

Раиси кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, давлатдорӣ ва масъалаҳои ҳуқуқиву судии Жогорку Кенеш Галина Скрипкина зикр кард, ки бархе аз ҳамтоёнаш пешниҳод доранд, ки мафҳуми "агенти хориҷӣ" ба калимаи "намояндаи хориҷӣ" иваз карда шавад.

"Ба мо рӯшан аст, ки ҷомеаи маданӣ зидди ин қонун аст. Мо бо назардошти ин нуқта тасмим мегирем", - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG