Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз 28 феврали қарори Бонки миллии Қирғизистон дар бораи манъи додани қарзҳо барои харидории манзил ва қарзҳои дигар бо доллари ИМА ба ҳукми иҷро даромад.

Ин қарор дар аввали моҳи феврал гирифта шуда, ба ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои қарзӣ дахл дорад. Ҳамакнун онҳо ҳақ надоранд қарзҳо барои харидории манзил ва қарзҳои дигарро бо доллари амрикоӣ диҳанд.

Пештар президент Алмосбек Отамбоев ба Бонки миллӣ ва ҳукумат дастур дода буд, ки барои ҳимояи аҳолӣ аз болоравии қурби асъор чораҳо андешанд. Танзимкунандаи арсаи молия ва девони вазирон ба гузаронидани қарзҳо барои харидории манзил аз доллар ба сом бо қурби қаблиро оғоз карданд. Гуфта шуд, аз ин барномаи давлатӣ 2,8 ҳазор қарздоре, ки ба сабаби пойин рафтани қурби пули миллӣ бо мушкил рӯбарӯ шудаанд, метавонанд истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG