Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии мӯътадилҳо дар Эрон


Дар интихоботи парлумонии Эрон ҷонибдорони президент Ҳасани Руҳонӣ натиҷаҳои намоёне ба даст оварданд.

Ислоҳталабон ҳамаи 30 курсии ҳавзаи Теҳронро соҳиб шуданд.

Дар поёни рӯзи 28 феврал, ки шумориши оро ба охир мерасид, натиҷаҳои раъйи мардум собит карданд, ки усулгароён дар Шӯрои хибрагон низ соҳиби курсиҳои зиёд шудаанд. Ин маҷлис дар 8 соли оянда ҷойгузини роҳбари руҳонии Эронро интихоб хоҳад кард.

Миллионҳо интихобкунанда рӯзи 26 феврал дар интихоби парлумони нав, ки аз 290 курсӣ иборат аст, ширкат карданд.

Руҳонӣ дар эътилоф бо президенти собиқ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ вориди муборизаи интихоботӣ шуда, нерӯҳои мӯътадил ва ислоҳталабро муттаҳид кард. Шӯрои хибрагон, ки барои 8 сол интихоб шуд, бояд ҷойгузини Роҳбари олии кишвар оятулло Алӣ Хоманаиро таъйид кунад. Хоманаӣ аз соли 1989 роҳбари руҳонии Эрон аст. Номзад ба мақоми роҳбари олии кишварро Шӯрои хибрагон интихоб мекунад.

XS
SM
MD
LG